Ташвиқи Паёми Пешвои миллат дар муассисаи таълимии ш. Истиқлол
Баҳри иҷрои барқияи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд, дар асоси нақшаи чорабинии бахш дар шаҳри Истиқлол дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1 шаҳри мазкур омӯзиши нуктаҳои асосии матни Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати милли-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон "Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ки санаи 21.12.2021 ба Маҷлиси Олии Ҷумщурии Тоҷикистон қироат гардид, ташкил ва гузаронида шуд.
Корманди бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Истиқлол ба хонандагон матни Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро шарҳ дода, аз ҷумла пайомадҳои тағйирёбии иқлим, дигар масъалаҳои вобаста ба ҳифзи муҳити зист аз тарафи баромадкунанда шарҳ дода шуд.