Ташвиқи Паём дар Коллеҷи омӯзгории МДТ Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
Бо мақсади фаҳмонидани муҳтавои матни Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон», дар асоси нақшаи корӣ дар Коллеҷи омӯзгории МДТ Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров вохӯрӣ гузаронида шуд. Дар вохӯрӣ кормандони шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар ш. Хуҷанд, муовини директор Азизов Н. Э. ва донишҷӯёни коллеҷи номбурда иштирок доштанд.
Корманди шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар маҳал оид ба нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, дастовардҳо ва заҳмату талошҳои Сарвари давлат ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, инчунин тағйирёбии иқлим ва дигар масъалаҳои марбут ба ҳифзи муҳити зист баромад намуд.
Ҳамзамон, баҳри татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» ва баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии ҷавонон суханронӣ карда шуд.