Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 961
    24.01.2022
    Ҳафтаи сипаришуда дар Маркази ҷавонони шаҳри Исфара бо...

    Ташвиқи Паём дар Маркази ҷавонони шаҳри Исфара

    Ҳафтаи сипаришуда дар Маркази ҷавонони шаҳри Исфара бо ҷавонон ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ оид ба омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» вохӯрӣ баргузор гардид.

    Дар рафти вохӯрӣ корманди бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Исфара доир ба масъалаҳои асосии Паёми имсола, аз ҷумла пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва дигар масъалаҳои вобаста ба ҳифзи муҳити зист, инчунин баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии ҷавонон баромад намуд.