Омӯзиши Паём дар муассисаҳои таълимии шаҳри Панҷакент
Дар асоси нақша-чорабинии бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Панҷакент, ҷиҳати тарғибу ташвиқи муҳтавои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар коллеҷи технологӣ ва инноватсионӣ, муассисаҳои таълимии миёнаи умумии № 25-и шаҳраки Суғдиён, № 86 деҳаи Новичомоқ, № 81-деҳаи Чорбоғ бо донишҷӯён ва хонандагон вохӯрӣ гузаронида шуд.
Зимни вохурӣ намояндаи бахш зикр намуд, ки дар Паёми имсола бисёр масъалаҳои дар ҷомеаи имрӯза зарур, аз ҷумла масъалаҳои вобаста ба ҳифзи муҳити зист, тағйирёбии иқлим ва тадбирҳои мутобиқшавӣ ба он инъикос ёфтанд. Инчунин, доир ба татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» ва нақшаи чорабинии он байни хонандагон ва донишҷӯён маълумоти мушаххас дода шуд.