Ташвиқи Паём дар муассисаи таълимии ноҳияи Ашт
Бо мақсади ташвиқ ва омӯзиши Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон», тибқи нақшаи корӣ дар муассисаи таълимии литсейи № 2 ноҳияи Ашт бо хонандагон вохӯрӣ доир гардид.
Корманди бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия зимни баромади худ доир ба нуктаҳои асосии Паёми имсола, бахусус оид ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист ва беҳдошти вазъи экологӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудани Сарвари давлатро қайд намуд. Ҳамчунин, бобати зарурати тарбия ва маърифати экологии насли наврас, татбиқи нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» зикр карда шуд.