Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 985
    21.01.2022
    20 январи соли 2022 бо иқдоми Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди...

    Аксияи экологӣ оид ба пешгирӣ аз зарари батареяҳои истифодашуда ба муҳити зист

    20 январи соли 2022 бо иқдоми Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо ташкилоти ҷамъиятии “Пешсаф” дар шаҳри Душанбе аксияи экологӣ оид ба пешгирӣ аз хатари батареяҳо  ба муҳити зист баргузор гардид.

    Чорабиниҳои мазкур дар маҷмааҳо ва марказҳои  савдои “Ашан”,  “Авранг” ва “Пайкар”  роҳандозӣ гардида, дар даромадгоҳҳои онҳо қуттиҳои махсус барои партофтани батареяҳо гузошта шуд. Ҳамзамон, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ дар аксияи мазкур ба харидорон варақаҳои тарғиботӣ бо навиштаҷоти муомилоти зарурӣ бо партовҳои электронӣ, аз ҷумла батареяҳо ройгон тақсим карда шуд.

    Батареяҳо ба табиат бениҳоят зарари калон доранд. Бисёр ҳолатҳо мешавад, ки пас аз анҷоми муҳлати истифодабарӣ онҳо бо партовҳои ҳосилшудаи табиӣ якҷо карда шуда, ба партовгоҳи умумӣ бароварда мешаванд. Бо мурури замон онҳо таҷзия шуда, ба моддаҳои зараровар табдил меёбанд, ки барои аҳолӣ ва муҳити зист зарари калон мерасонанд.

    Дар аксарият маврид, батареяҳои истифодашуда дар қуттиҳои махсуси коркарди партов ҷойгир карда нашуда, баръакс дар партовгоҳ, ё ин ки дар кӯча партофта мешаванд.

    Ҳадаф аз баргузории чунин аксияҳои экологӣ ин ба аҳолӣ фаҳмондани зарари батареяҳои истифодашуда ба муҳити зист мебошад.