Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 1044
    21.01.2022
    Бо мақсади омӯзиши муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - ...

    Паёми Пешвои миллат – роҳнамои ҷомеа

    Бо мақсади омӯзиши муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси нақшаи корӣ, санаи 17 январи соли равон дар толори маҷлисгоҳи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҳизби халқи демократии Тоҷикистон дар ш. Хуҷанд, устодони Муассисаи давлатии таълимии Донишгоҳи давлатии  Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров чорабинӣ баргузор гардид.

    Муовини сардори  Сарраёсат Абдумаликзода Б. вохӯриро  оғоз намуда, қайд намуд, ки Паёми имсола барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан дар соли таърихӣ 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ  пешниҳод гардида, чун раҳнамои ҷомеа ҳамчун дастури фаъолият дар татбиқи ҳадафҳои олии давлатсозию таҳкими истиқлоли Ватани азизамон мусоидат хоҳад кард.  

    Таъкид гардид, ки ҳар сол дар Паёмҳояшон  Пешвои миллат ба самти ҳифзи муҳити зист таваҷҷуҳ зоҳир намуда, қайд менамояд, ки имрӯзҳо дар кишвари мо 98 фоизи нерӯи барқ аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия, яъне асосан бо истифода аз нерӯи об истеҳсол гардида, Тоҷикистон аз рӯи фоизи истеҳсоли «энергияи сабз» шашум кишвари пешсафи сайёра мебошад. Инчунин, Тоҷикистон аз рӯйи кам будани ҳаҷми партови газҳои гулхонаӣ низ яке аз ҷойҳои баландтаринро ишғол мекунад.

    Бо мақсади ба тағйирёбии иқлим мутобиқ гардонидани иқтисоди миллӣ, ҳифзи муҳити зист ва беҳтар намудани вазъи экологии мамлакат воридоти нақлиёти барқӣ ба кишвар, яъне электромобилҳо, электробусҳо, троллейбусҳо ва монанди инҳо аз пардохтҳои андозӣ ва гумрукӣ пурра озод карда шуда, ба Ҳукумати мамлакат ҷиҳати тадриҷан муҳайё сохтани инфрасохтор ва дигар шароити зарурӣ барои истифодаи чунин воситаҳои нақлиёт дар қаламрави кишвар чораҷӯӣ намояд.

    Устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров  Убайдуллоев А. зимни баромади худ масъалаҳои   соҳиб гардидан   ба дастоварди бузурги миллат – Ваҳдат, қабул гардидани санади асосӣ - Конститутсия, ки шиносномаи давлату миллат, амалӣ гардидани ҳадафҳои  стратегии миллӣ,  аҳамияти ҷиддӣ додан ба зиракии сиёсии ҷавонон, аз ҷумла  бо мақсади саноатикунонии босуръати кишвар эълон гардидани солҳои  2022–2026, яъне то ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон «Солҳои рушди саноат»-ро мухтасар шарҳ дод.