Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 1006
    18.01.2022
    Дар доираи иҷрои талаботи  қарори дахлдори раиси шаҳри...

    Хуррамгардонии муҳити зист дар шаҳри Турсунзода

    Дар доираи иҷрои талаботи  қарори дахлдори раиси шаҳри Турсунзода  доир ба кабудизоркунӣ имрӯзҳо дар маркази шаҳри мазкур хуррамгардонии муҳити зист бо маром идома дорад.

    Ҳафтаи равон дар майдони Парчами давлатӣ аз ҷониби кормандони муассисаи манзилию коммуналии шаҳр беш аз 5 ҳазор бех гулҳои садбарг  шинонида шуд.

    Кормандони шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Турсунзода вобаста ба риояи талаботу қоидаҳои агротехникӣ шинонидан, нигоҳубин ва парвариши гулҳо байни кормандони муассисаи мазкур корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.

    Тибқи маълумоти масуълин бо мақсади сабзу хуррам гардонидани шаҳр дар мавсими нави  кабудизоркунӣ  беш аз 10 ҳазор бех гулҳои гуногунранги садбарг  ва 4800 бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзи ороишӣ шинонида шуд.

    Хуррамгардонии муҳити зист дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Турсунзода низ муташаккилона роҳандозӣ гардидааст.