Корҳои кабудизоркунӣ оид ба беҳдошти муҳити зист дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон
Бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон корҳои бунёдкорию созандагӣ, кабудизоркунӣ ва солимгардонии муҳити зистро бо маром идома дода истодааст.
Аз пайи роҳандозии чунин корҳо, дар деҳаи Лоиқ Шералӣ, ҷамоати деҳоти Нури Вахши ноҳияи мазкур бо иштироки доираи васеи аҳолии ҷамоатҳои деҳоти Деҳқонобод, ҷамоати 20-солагии Иистиқлолият аксияи ниҳолшинонӣ гузаронида шуд.
Дар аксияи ниҳолшинонӣ зиёда аз 500 нафар сокинони маҳал иштирок намуда, 300 бех ниҳоли дарахтони тут ва 250 бех ниҳолҳои ҳамешасабзу ороишӣ ва гулу гулбуттаҳо шинонида шуд.