Омодагӣ ба озмуни “Сайри гули лола” дар шаҳри Турсунзода
Дар шаҳри Турсунзода шинонидани пиёзаки гули лола идома дошта, то санаи 8 январи соли ҷорӣ дар ҳудуди шаҳр беш аз 55 ҳазор пиёзаки лола дар мавзеъҳои вобасташуда шинонида шудааст. Чунин корҳо дар ҷамоату деҳот, корхонву ташкилотҳои шаҳр тибқи нақша бомаром идома ёфта истодааст. Дар баробари ин, барои омода намудани мавзеъҳои кабудизори худуди шаҳр ва шоҳроҳ барои омода намудани заминҳо ба мавсими нави кабудизоркунӣ, тибқи талаботи агротехникӣ корҳои ғизодиҳӣ ва нармкунӣ аз тарафи масуълин иҷро гардида истодааст.
Рафти иҷрои корҳои ободонию кабудизоркунонӣ зери назорати мутахассисони шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Турсунзода қарор дорад. Ҷиҳати иҷрои босифати нақшаи кабудизоркунӣ дар мавсими нави хуррамгардонии мавсими имсола ва омода намудани қитъаҳои нав корбарӣ ҷараён дорад.