Дар маҷлиси ҳарҳафтаинаи раиси Кумита
10 январи соли 2022 маҷлиси ҳарҳафтаинаи раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар маҷлис масъалаҳои ҷории вобаста ба фаъолияти раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, сохторҳои дигари тобеи Кумита, ва мақомоти маҳаллии ҳифзи муҳити зист мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Раиси Кумита Шерализода Б. А. масъалаҳои дахлдори соҳавиро барои ҳафтаи ҷорӣ ба шахсони масъул супориш доданд ва вобаста ба ҳамаи масъалаҳои дар рузномаи маҷлис баррасигашта қарори дахлдор қабул карда шуд.