Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 1287
    28/12/2021
    Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии...

    Баргузории конференсияи илмӣ – амалӣ таҳти унвони «Табиат сахтгиру тундгир аст» дар ноҳияи Мастчоҳ

    Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ, татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» ва бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаи давлатии таълимии коллеҷи кишоварзии  ноҳияи Мастчоҳ бо дастгирии бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Мастчоҳ таҳти унвони «Табиат сахтгиру тундгир аст» конференсияи илмӣ-амалӣ доир гардид.

    Дар конференсия омӯзгорони Муассисаи давлатии таълимии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шотемур, коллеҷи омӯзгории н. Зафаробод ва омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ иштирок доштанд.

    Пас аз  намоиши корҳои эҷодӣ ва сухани ифтитоҳии директори муассиса баромадҳои донишҷӯён  ва омӯзгорон  дар мавзуъҳои истифодаи самаранок ва оқилонаи сарватҳои зеризаминӣ, истифодаи захираҳои замин ва оқибати экологии он, роҳҳои беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои корам бо рӯнамоҳо баромад намуданд.

    Дар қисмати муҳокимаи маърузаҳо ва таҳлили баромадҳо саволу ҷавоб сурат гирифта, ба саволҳои худ иштирокчиён маълумот гирифтанд.