Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 1319
    27.12.2021
    Бо мақсади таъмини сарсабзию шукуфоӣ ва беҳтар намудани вазъи...

    Идомаи маъракаи ниҳолшинонӣ дар шаҳри Ҳисор

    Бо мақсади таъмини сарсабзию шукуфоӣ ва беҳтар намудани вазъи экологии шаҳри Ҳисор бо иқдоми раиси шаҳри Ҳисор оид ба ниҳолшинонию сабзкорӣ дар мавсими тирамоҳи соли 2021 ва баҳори соли 2022 бо иштироки бевоситаи Раиси шаҳри Ҳисор, Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Амонзода Сатториён дар ҷамоати деҳоти шаҳри Ҳисор зиёда аз 1000 бех ниҳолҳои дарахтони ороишӣ шинонида шуданд.

    Дар ҷараёни маъракаи ниҳолшинонӣ кормандони шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Ҳисор ва ташкилоту идораҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрва беш аз 800 нафар сокинон иштирок намуда, бо доираи талаботҳои агротехникӣ дарахтонро шинониданд. Рафти маъракаи баргузоргардида тариқи телевизиони ҷумҳуриявӣ ба навор гирифта шуда, дар рӯзҳои наздик пахш мегардад.

    Тавре масъулин иброз намуданд сабзиши ниҳолони шинонидашуда дар оянда метавонад барои таъмини беҳдошти муҳити зист ва зебоии ин мавзеъ мусоидат намояд.