Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 1147
    22.12.2021
    Бо ташаббуси бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Рӯдакӣ 18...

    Баргузории аксияи “Тозагии соҳил” дар ноҳияи Рӯдакӣ 

    Бо ташаббуси бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Рӯдакӣ 18 декабри соли 2021 дар ҷамоати шаҳраки Сомониён, дар соҳили канали селпартои «Бача мазор»-и ноҳия аксияи «Тозагии соҳил» ташкил ва гузаронида шуд.

    Дар аксияи мазкур, ки бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия роҳандозӣ гардида буд, зиёда аз 80 нафар ҷавонон ва сокинони ноҳия иштирок намуданд.

    Дар натиҷа ба дарозии 200 метр соҳили канали селпарто аз партовҳои сахти маишӣ тоза гардида, 1,2 метри кубӣ партовҳо ҷамъоварӣ шуда, ба партовгоҳи ноҳиявӣ интиқол дода шуданд.