Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 1103
    20.12.2021
    Тибқи фармоиши раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди...

    Баргузории ҳашари ниҳолшинонӣ дар шаҳри Ваҳдат 

    Тибқи фармоиши раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амри раиси шаҳри Ваҳдат, дар асоси Нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардидаи мавсими ниҳолшинонию кабудизоркунии имсола санаи 18 декабри соли ҷорӣ дар ҷамоати деҳоти Баҳор, қисмати рости шоҳроҳи Ваҳдат-Душанбе ҳашари ниҳолшинонӣ баргузор гардид.

    Дар рафти баргузории чорабинии мазкур дар таллу теппаҳои ҷамоати мазкур бо ҷалби 250 нафар истиқоматкунандагони ин ҷамоат беш аз 380 бех ниҳолҳои дарахтони навъи коч (можавелник) ва 80 бех ниҳоли туя шинонида шуд.

    Иқдоми мазкур бо истифода аз боду ҳавои мусоид пайваста дар тамоми ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва шафати роҳу шоҳроҳи шаҳри Ваҳдат роҳандозӣ карда мешавад.