Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 1265
    17.12.2021
    Бо мақсади таъмини сарсабзию шукуфоӣ ва беҳтар намудани вазъи экологии пойтахт...

    Ниҳолшинонӣ дар Кӯли ҷавонон

    Бо мақсади таъмини сарсабзию шукуфоӣ ва беҳтар намудани вазъи экологии пойтахт дар доираи иқдомҳои раиси шаҳри Душанбе оид ба ниҳолшинонию сабзкорӣ дар мавсими тирамоҳи соли 2021 ва баҳори соли 2022 бо иштироки бевоситаи раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар МД “Кӯли ҷавонон”-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе зиёда аз 200 бех ниҳолҳои дарахтони ороишӣ шинонида шуданд.

    Дар ҷараёни маъракаи ниҳолшинонӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе, зерсохторҳои Кумита ва ташкилоту идораҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино иштирок намуда, бо доираи талаботҳои агротехникӣ дарахтонро шинониданд.

    Бояд ёдовар шуд, ки чорабинии мазкур, ки бо иқдоми Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардид, аз тарафи Дафтари Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дар шаҳри Душанбе дастгирӣ ёфт.

    Ҳамзамон дар маъракаи ниҳолшинонии мазкур барои равнақу ривоҷи корҳои ободонию ниҳолшинонӣ кормандони САҲА фаъолона иштирок намуданд.

    Дар асоси маълумоти Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе бо мусоид омадани обу ҳаво дар дигар минтақаҳои ноҳияҳои пойтахт аз ҷумла, дар ҳудуди боғҳои фарҳангу фароғатӣ, вазорату идораҳо шинонидани ниҳолҳои ҳамешасабз идома ёфт.