Дар ҷаласаи назоратии ҳарҳафтаинаи раиси Кумита
13 декабр ҷаласаи навбатии ҳарҳафтаинаи раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт. Дар ҷаласа фаъолияти сохторҳои Кумита ва зерсохторҳои он аз 29 ноябр то 10 декабри соли 2021 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Пас аз шунидани ҳисоботи таҳлилии и.в. сардори Раёсати мониторинг, сиёсати экологӣ, обуҳавошиносӣ ва кадастр Шукуров И. раиси Кумита Шерализода Б. А. оид ба масъалаҳои раванди фаъолияти сохторҳои соҳавӣ, рафти иҷрои дастуру супоришҳои додашуда, амалигардонии бандҳои марбутаи протоколҳои қаблӣ, нақшаҳои корӣ ва дигар фаъолияти сохторҳо таваҷҷӯҳ намуда, ҳамзамон масъулони иҷро аз дастовардҳо ва масъалаҳои ҷойдоштаи самти фаъолияти худ ба раиси Кумита маълумот доданд.
Дар охир, вобаста ба муҳокимаи масъалаҳои рӯзнома, таклифу пешниҳодҳо ва супоришҳои додашуда қарори дахлдори маҷлис қабул карда шуд.