Аксияи “Тозагии маҳал” дар ноҳияи Фархор
Дар асоси фармоиши раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амри раиси ноҳияи Фархор дар ҳудудуди ҷамоати шаҳраки Фархор бо иштироки сокинони маҳал аксияи “Тозагии маҳал-2021” гузаронида шуд.
Дар аксияи мазкур сокинони маҳал зиёда аз 65 нафар иштирок карда,.ба тоза намудани гирду атрофи хонаҳои истиқоматӣ ва шафати роҳи автомобилгарди ҳудуди ҷамоат аз партовҳо, алафҳои бегона машғул шуданд, инчунин аз тарафи сокинон ниҳолҳои ороишӣ шинонида шуд.
Дар аксия кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия иштирок намуда, ба аҳоли оид ба шинонидани ниҳолҳо ва гулҳои мавсимӣ тавсияҳо доданд.
Чунин аксияҳо дар тамоми ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия идома дорад.