Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 1088
    10.12.2021
    Тибқи нақшаи корӣ ва бо мақсади роҳандозии назорати давлатӣ...

    Назорати давлатӣ оид ба ҳифзи захираҳои моҳӣ

    Тибқи нақшаи корӣ ва бо мақсади роҳандозии назорати давлатӣ дар самти ҳифзи захираҳои моҳӣ аз тарафи нозирони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ҷаббор Расулов амалиёти фаврӣ дар минтақаҳои соҳили Сирдарёи ҷамоати деҳоти Деҳмой, аз он ҷумла минтақаи Туқай гузаронида шудааст.

    Дар рафти амалиёт бо зиёда аз 20 нафар моҳидорони ҳаваскор, ки сокинони ҷамоати деҳоти Деҳмой, Гулхона, Ғӯлакандоз ва ҷамоати шаҳраки Меҳрободи ноҳия мебошанд, корҳои фаҳмондидаҳӣ ва ташвиқотӣ оид ба моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ» ва «Қоидаҳои моҳидорӣ дар обанборҳои аҳамияти моҳидоридоштаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» амалӣ гардид.

    Ҳангоми амалиёти фаврии мазкур як қонунвайронкунӣ ошкор гардида, нисбати сокини ҷамоати деҳоти Гулхона Ҳурсанбоев Алиҷон протокол бо моддаи 223 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода шуд.

    Бо мақсади муҳофизат ва нигоҳдории захираҳои моҳиҳои обанборҳои вилоят дар дигар шаҳру ноҳияҳо низ чунин амалиётҳои фаврии назоратӣ гузаронида мешаванд.