Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 1168
    10.12.2021
    Дар такя ба ташаббусҳои доимии Асосгузори сулҳу...

    Оғози маъракаи ниҳолшинонӣ дар шаҳри Панҷакент

    Дар такя ба ташаббусҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷом додани корҳои ободониву созандагӣ, ниҳолшинонию кабудизоркунии муҳити атроф дар шаҳри Панҷакент маъракаи ниҳолшинонӣ оғоз гардид.

    Кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Панҷакент дар ин маърака фаъолона иштирок намуданд ва қайд кардан бамаврид аст, ки дар маъракаи ниҳолшинонӣ аз ҳисоби бахш 50 адад арча, 630 адад туяи шарқӣ, дар маҷмӯъ 680 бех ниҳолҳои дарахтони ҳамешасабз харидорӣ карда шудааст.