Озмуни акси «Бузургии табиати Тоҷикистон» ҷамъбаст гардид
9 декабри соли равон дар меҳмонхонаи “Серена”-и дар шаҳри Душанбе маросими супоридани ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ ба ғолибони озмуни акси «Бузургии табиати Тоҷикистон» баргузор гардид.
Муовини раиси Кумита Қиёмзода Зарафо аз номи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокдорони озмуни акси «Бузургии табиати Тоҷикистон»-ро хайрамақдам гуфта, ба Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (GIZ) барои мусоидат дар гузарондани ин озмун изҳори миннатдорӣ намуд.
Дар баромади худ муовини раиси Кумита қайд намуд, ки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи идоракунӣ ва ҳифзи муҳити зист ба равишҳои бисёрҷониба ва муассир дар раванди ҳалли проблемаҳои глобалӣ ва миллии экологӣ нигаронида шудааст. Самти муҳими фаъолияти Кумита ин ташаккули тафаккур ва тарбияи экологӣ дар байни аҳолӣ мебошад. Бо ин мақсад “Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” қабул гардид. Дар татбиқи Барномаи мазкур ташкилотҳои ҷамъиятии экологӣ ва дигар шарикон оид ба баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ мусоидат мекунанд.
Аз рӯи номинатсияҳои пешниҳодшуда, ба ғолибоне, ки ҷойҳои I, II ва III сазовор гаштанд, бо ифтихорномаҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.