Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 923

    17 марти соли ҷорӣ дар меҳмонхонаи Серенаи ш. Душанбе семинар оид ба оғози татбиқи лоиҳаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид — «Усули ҳамгироишудаи манзаравӣ барои таҳкими устуворӣ ба тағйирёбии иқлим миёни хоҷагиҳои деҳқонии хурд ва чорводорон дар Тоҷикистон» баргузор гардид.
    Дар чорабинии мазкур мақомотҳои давлатӣ ва шарикони рушд, аз ҷумла Бонки осиёии рушд, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, Агентии швейтсарӣ оид ба рушд ва ҳамкорӣ, Ҷамъияти ҳамкориҳои байналмилалии Олмон фаъолона ширкат варзида, ба лоиҳа ва ташаббуси Кумита таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуданд.
    Бо сухани ифтитоҳӣ Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон ва намояндаи доимии Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Пратибха Мехта баромад намуданд.

    Дар семинари мазкур мавзӯъҳои тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои он ба миён гузошта шуда, соҳаҳои осебпазир, алалхусус кишоварзӣ ва чорводории хурд дар Тоҷикистон қайд гардид. Масъалаҳои марбут ба обшавии пиряхҳо ва татбиқи Стратегияи мутобиқшавӣ ба тағирёбии иқлим низ зикр гардиданд.
    Доктор Пратибха Мехта, намояндаи доимии БРСММ дар Тоҷикистон, изҳори миннатдорӣ намуда, ҳамзамон қайд кард, ки ин лоиҳа ҳамчун муҳаррик такони бузурге барои рушди устувори на танҳо деҳқонон ва чорводорон, балки аксарияти аҳолӣ ва як қатор бахшҳои кишвар кӯмак мерасонад.
    Дар охири семинар, иштирокчиён тарзи истифодаи васеи усулҳо, муносибатҳо ва воситаҳои баланд бардоштани самаранокӣ ва идоракунии устуворро барои мутобиқ сохтани бахшҳои осебпазир ба тағирёбии иқлимро омӯхтанд.