Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи захираҳои генетикӣ”
Санаи 8 декабри соли 2021 дар ҷаласаи иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи захираҳои генетикӣ” мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар кори ин ҷаласа раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шерализода Б.А. дар назди вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, аз ҷумла қайд намуд, ки қонуни мазкур бо назардошти таъмини истифодаи оқилонаи сарватҳои генетикӣ ва ба танзим даровардани меъёрҳои истифодаи намудҳои гуногунии биологӣ ҷиҳати ҳамоҳанг сохтани асосҳои ҳуқуқии истифодабарии табиат ба меъёрҳои умумибашарии ҳуқуқӣ ва таҳкими қонунгузории амалкунандаи соҳа таҳия карда шудааст.
Қабули Қонуни мазкур ба ҷумҳурии мо имконият медиҳад, ки истифодабарии захираҳои генетикӣ ва муқаррар кардани меъёрҳои истифодаи намудҳои гуногунии биологӣ, иҷрои уҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бастани шартномаҳо оид ба истифодабарии захираҳои генетикӣ ва истифодаи донишҳои анъанавие, ки байни мардум оид ба истифодаи захираҳои генетикӣ маълум аст, таҳти танзими қонунгузорӣ амалӣ карда шаванд.
Ҳамчунин дар ҷараёни иҷлосия вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон Ризоӣ суханронӣ намуда, қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намуданд.