Семинар машварат дар ноҳияи Ҷаббор Расулов
Дар замони муосир, ки тараққиёти иқтисодӣ ва зиёдшавии аҳолӣ ва инчунин талабот рӯз аз рӯз ба об меафзояд, қимати об аз нархи он гаронтар мебошад.
Қобили зикр аст, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 айни замон чораҳои амалӣ андешида шуда истодааст.
Аз ҷониби мутахассисони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ҷаббор Расулов санаи 3 декабри соли ҷорӣ дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13, бо иштироки масъулини мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии ноҳия, намояндагони Лоиҳаи (Канада) Котиботи байналхалқии об дар вилояти Суғд ва беш аз 220 нафар сокинони ҷамоати деҳоти Гулхона, семинар машварат дар мавзӯи «Таъмини аҳолии деҳа бо оби нӯшокӣ» ташкил ва гузаронида шуд.
Дар рафти семинари мазкур қайд гардид, ки норасоии об, хатари беш аз пеш обшавии пиряхҳо, азияти миллионҳо сокинони сайёра аз надоштани дастрасӣ ба об, фавти кӯдакон дар ин замина ва афзудани бемориҳои сирояткунанда аз масъалаҳое ҳастанд, ки дар суҳбату маърузаҳои Сарвари кишвари тоҷикон пайваста мавриди андеша қарор мегирад. Амалӣ гаштани Даҳсолаи навбатии «Об барои рушди устувор» барои рушди устувори иқтисодиёти сайёра, дастрасии бештари аҳолӣ ба оби ошомиданӣ ва ҳифзи экосистемаҳои нодири табиӣ мусоидат хоҳад кард.
Дар интиҳо тибқи барнома маърӯзаҳо муҳокима ва барои саҳмгузор будан дар тозаву покиза нигоҳ доштан, ҳифз ва самаранок истифода бурдани ин боигарии табиат даъват ба амал оварда шуд.