Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 976
    Ба истиқболи Ҷашни байналмилалии Наврӯз, 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019-2021 дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Шарора, ҷамоати деҳоти Мирзо Ризо ва ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Ҳисор аксияи «Тозагии соҳил» ва “Тозагии маҳал» баргузор гардид.
    Дар он хонандагони муассисаҳои таълимӣ, сокинони ҷамоатҳо ҳамагӣ 463 нафар иштирок доштанд. Дар ҷараёни аксия 13,1 км ҳудуди ҷамоатҳо ва каналу ҷуйборҳо аз партовҳои ҳархела тоза карда шуда, 10.7 м3 партов ба партовгоҳи шаҳр бароварда шуданд.
    Чунин шанбегиҳо дар дигар ҷамоатҳову маҳаллаҳо идома доранд.