Баргузории шанбегӣ бо мақсади тозагӣ дар шаҳри Турсунзода
Бо мақсади тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист ва дар амал табиқ намудани фармоиши раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва карори раиси шаҳри Турсунзода доир ба ташкил ва баргузор намудани аксияҳои “Тозагии маҳал” ва "Тозагии соҳил” бо иштироки беш аз 1000 нафар сокинони маҳал, намояндагони ташкилоту корхона ва хоҷагиҳои кишоварзӣ дар қаламрави шаҳр шанбегӣ гузаронида шуд.
Дар ин замина тозаву озода намудани шафати роҳ, бартараф намудани партовҳои полиэтиленӣ, поккории соҳили дарёву канал, ҷӯйҳо ва ба тартиб даровардани роҳрави ҳудуди шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода ҷараён гирифт.
Покизакориҳо инчунин дар маркази шаҳр, атрофи корхонаву ташкилот, идораҳои маъмурӣ ва қаламрави деҳот ба вуқуъ пайваста, дар натиҷаи тозакориҳо ба партовгоҳи беруназшаҳрӣ зиёда аз 20м3
партовҳои гуногун интиқол дода шуданд.