Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 1106
    06.12.2021
    Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои...

    Ҳашари дастаҷамъона дар шаҳри Ҳисор

    Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тақвият бахшидан ба корҳои ободонӣ ва бунёдкорию созандагӣ 3 ва 4 декабри соли ҷорӣ дар ҳудуди шаҳри Ҳисор ҳашари умумишаҳрӣ ташкил ва баргузор гардид. Дар ҳашари мазкур роҳбарияти шаҳр ва тамоми кормандони касбу кори гуногун фаъолона иштирок намуданд.

    Дар ҳашари гузаронидашуда бо истифода аз 4 адад техника аз ҷониби иштирокчиён корҳои ободонӣ ва созандагӣ, аз қабли тоза намудани 2.7 км шафати роҳ, маҳалҳои аҳолнишинӣ, лаби дарёву ҷӯйҳо, назди биноҳои маъмурӣ, инчунин сафед намудани роҳравҳо амалӣ шуданд, ки дар натиҷа 5.5 м3 партов ҷамъоварӣ ва бо истифода аз техникаҳои махсус ба партовгоҳи шаҳри интиқол дода шуданд.

    Мавриди зикр аст, ки чунин ҳашарҳои дастаҷамъона бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳалии шаҳри Ҳисор рӯзҳои шанбеи ҳар ҳафта дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронда шуда истодаант. Иштирокчиён ва сокинони шаҳр тасмим гирифтаанд, ки бо азму иродаи қавӣ ва руҳу илҳоми болида дар ҳашарҳои умумӣ фаъолона иштирок карда, дар ободонию созондагии кишвари маҳбубамон саҳми муносиби худро гузоранд.

    Зеро саҳм гузоштан дар ободонии Ватан, ҳифзи дастовардҳои даврони истиқлол ва арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ вазифаи ҳар як шаҳрванди солимфикри ҷомеа буда, ба ин восита метавон фазои орому осудаи кишвари соҳибистиқлоламонро ҳифз намуд.