Вохӯрии раиси Кумита бо мудири минтақавии ЮНЕСКО дар Алмаато
2 декабри соли ҷорӣ вохӯрии раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мудири минтақавии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг (ЮНЕСКО) дар Алмаато хонум Криста Пикат оид ба тақвият бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба баргузор гардид.
Дар ҷаласа масъалаи омодасозии пешниҳоди ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаи Тоҷикистон барои шомил шудан ба феҳристи мероси ҷаҳонии табиӣ ва шабакаи ҷаҳонии мамнӯъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО мавриди музокира қарор дода шуд.
Ҳамчунин дар ҷараёни музокирот мавзӯи ширкат ва пуштибонии ЮНЕСКО дар таъсиси Фонди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва эълон шудани соли 2025 ҳамчун Соли ҳифзи пиряхҳо баррасӣ шуд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ мудири минтақавии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг (ЮНЕСКО) дар Алмаато хонум Криста Пикат нақши муҳими Тоҷикистонро дар минтақа ва пешсаф дар пешбурди масъалаҳои экологии фаромарзӣ қайд намуд.