Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 1224
    29.11.2021
    25-уми ноябри соли ҷорӣ дар асоси нақшаи чорабиниҳои...

    Баргузории озмуни “Тирамоҳи заррин” дар ноҳияи Фархор

    25-уми ноябри соли ҷорӣ дар асоси нақшаи чорабиниҳои бахши ҳифзи муҳити зист ва шуъбаи маорифи ноҳияи Фархор дар байни хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4 озмуни ноҳиявии “Тирамоҳи заррин” бахшида ба Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иди “Меҳргон” гузаронида шуд.

    Дар озмун муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия фаъолона иштирок намуда, ҷойҳои ифтихориро сазовор гаштанд. Дар анҷом намояндаи шуъбаи маориф Носиров Н ва мутахассиси пешбари бахш Холиқов Х., баромад намуда, хонандагонро ба ватандӯсти ва табиатдӯсти ҳидоят намуданд.

    Ғолибони озмун бо ифтихорномаи бахш ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.