Таҷлили Рӯзи Парчам дар бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Панҷакент
Ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани таҷлили Рӯзи Парчам дар Маркази бозомӯзии бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Панҷакент маҷлиси тантанавӣ доир гардид.
Мудири бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Панҷакент Истамзода А. ба кормандон доир ба саҳифаи таърихӣ - 24-ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи 16 Шӯрои Олӣ расман соҳиби аввалин рамзи истиқлол ва соҳибихтиёрии худ - Парчами давлатӣ гардидани ҷумҳуриамон суханронӣ намуд.
Қайд карда шуд, ки соли 2009 бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин санаи таърихӣ Рӯзи Парчами давлатӣ эълон шуд ва ҳар сол бошукӯҳу тантана ҷашн гирифта шуда, бигзор ин рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон чун нишони ифтихори ҷовидонаи миллат то абад парафшон бошад.