Таҷлили Рӯзи Парчам давлатӣ дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе
Дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади идона баргузор гардид.
Нурулло Раҳимзода, сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе бо суханрони табрикотӣ намуда, изҳор дошт, ки парчам яке аз унсурҳои муҳими давлатдорӣ маҳсуб ёфта, мардуми тоҷик зери парчами давлатӣ бо ҳидоят ва раҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ифтихор ва сарбаландӣ таҷлил намуданд.
Тавре Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: “Парчам рисолат ва нерӯи муттаҳидкунанда дорад, зеро он дарбаргиранда ва таҷассуми арзишҳои сиёсиву фарҳангӣ ва ғояву ҳадафҳои миллӣ мебошад”.
Таъкид гардид, ки Парчам ифодакунандаи озодиву истиқлолият, ҳуввияти миллӣ маҳсуб ёфта, халқи тоҷик дар масири таърих барои ба даст овардан ва бунёди давлати миллӣ ливои ковиёнӣ ба даст гирифта, аз миллату сарзамини хеш дифоъ кардаанд.
Парчам ҳамчун як муқаддасоти миллӣ, рамзи озодиву истиқлол, якдигарфаҳмӣ, соҳибихтиёрӣ ва ваҳдату ягонагии миллатро дар худ таҷассум намуда, саодату сарбаландӣ, ифтихор аз худшиносии миллӣ ва сулҳу оромиши сартосарӣ аз парафшонии парчами сулҳу ваҳдат маншаъ мегирад.