Дар машғулияти навбатии бозомӯзии Кумита
23 ноябри соли 2021 дар толори маҷлисии дастгоҳи марказии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандон дар мавзуи шарҳи муҳтавои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 июли соли 2019, №1287 “Дар бораи Қоидаҳои гузаронидани баҳодиҳии фаъолияти хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” машғулияти бозомӯзии навбатӣ баргузор гардид.
Мавзуъро ба кормандон сармутахассиси шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва назорати Кумита Сайфуллоев Нурулло ба воситаи рӯйнамо ва баромад шарҳ дод.
Дар қисмати дигари семинари бозомӯзӣ аз ҷониби кормандон ба баромадкунанда суолҳо пешниҳод гардида, ба суолҳои онҳо ҷавобҳои мушаххас дода шуд.