Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 1274
    24.11.2021
    24 ноябр дар маҷлисгоҳи дастгоҳи марказии  Кумита бахшида ба Рӯзи...

    Таҷлили Рӯзи Парчами миллӣ дар Кумита

    24 ноябр дар маҷлисгоҳи дастгоҳи марказии  Кумита бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

    Чорабиниро Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон ифтитоҳ намуда,  кормандонро ба ин Иди муқаддаси миллӣ табрику шодбош гуфт.

    Дар маърӯзаи табрикотии раиси Кумита аз ҷумла қайд гашт, ки Парчами миллӣ низ яке аз нишонаҳои муқаддаси ҳар як кишвару халқ ба шумор рафта, симои миллии давлатро дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷассум мекунад. Пос доштан ва ҳимоя кардани Парчами миллӣ ин арҷгузорӣ ва ҳимояи Ватан, садоқату эҳтиром баҳри хонаводаву фарзандони худ, таъриху суннатҳои халқу кишвар аст.

    Дар чорабинии идонаи Кумита раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Файзуллозода Заррина,  муовини директори Институти омӯзиши масъалаҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Раҳмонзода Азимҷон ва шоираи ширинкалом Меҳриниссо Бобобекова иштирок ва оид ба ин муқаддасоти миллӣ суханронӣ намуданд. Инчунин, дар васфи Тоҷикистон ва Парчами миллӣ шеърҳо қироат гардид.

    Дар маърӯзаҳо қайд гардид, ки Парчам мавқеъ ва нақши хоси худро дар давлатдорӣ, дар мавриди гузаронидани чорабиниҳои расмӣ, давлатӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, дар муносибатҳои байналмилалӣ ва дар ҳаёти ҳаррӯзаи ҳар як фарди ҷомеа гузоштааст.

    Имрӯз Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун рамзи ин кишвари соҳибистиқлол дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои олам парафшонӣ мекунад ва ба оламиён аз мавҷудияти давлати тозаистиқлоле бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон мужда медиҳад.

    Ҳар яки мо ифтихор аз он дорем, ки зери парчами сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ кору зиндагӣ дорем ва ба он ватандӯстона эҳтиром зоҳир менамоем.