Семинари машваратӣ оид ба фаъолияти мақомоти давлатӣ тибқи муқаррароти қонунҳои соҳавӣ
22 ноябр дар меҳмонхонаи “Серена” дар шаҳри Душанбе бо иқдоми Кумитаи ҳифзи муҳити зити назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ҷамъияти ҳамкории байналмилалии Олмон (GIZ) дар доираи Барномаи минтақавӣ “Истифодаи ҳамгироёнаи замин бо назардошти тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ” семинар оид ба баррасии санадҳои маъёрӣ-ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва рушди устувор баргузор гардид.
Дар баррасии санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ мутахассисони Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва зермуассисаҳои он аз вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар, намояндагони Вазорати кишоварзӣ, Агентии хоҷагии ҷангал ва дигар мақомоти давлатӣ, инчунин намояндагони ташкилоти GIZ, Комиссияи байнидавлатӣ оид ба рушди устувор (КБРУ) иштирок намуданд.
Баромадкунандагон изҳор намуданд, ки барои таъмини фаъолияти зарурии сарраёсатҳо, раёсатҳо, шуъбаву бахшҳои ҳифзи муҳити зисти вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бояд аз санадҳои маъёрии-ҳуқуқӣ дуруст истифода намуд.
Дар рафти семинар табодули афкор сурат гирифта, масъалаи мазкур ҳангоми суолу ҷавоб мавриди таваҷҷуҳи иштирокдорон қарор гирифт.