Бозии хотимавии мусобиқаи футзал барои ҷоми "Бабри барфӣ"
Бо пирӯзии дастаи «Вавилон» дар Маҷмааи варзишии «Динамо»-и шаҳри Душанбе мусобиқаи футзал барои дарёфти ҷоми «Бабри барфӣ» ба поён расид. Мусобиқа аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид баргузор гардид.
Ҷоми “Бабри барфӣ” аз ду марҳила - марҳилаи гурӯҳӣ ва марҳилаи плей-офф иборат буд. Дар марҳилаи гурӯҳӣ 12 даста, ки ба се гурӯҳ тақсим шудаанд, ширкат карданд. Аз ҳар гурӯҳ ду даста, инчунин ду дастаи дигар, ки бо нишондодҳои беҳтарин ҷойҳои сеюмро гирифтанд, ба чорякфинал баромаданд.
Дар финали мусобиқа дастаҳои «Вавилон» ва «Рахш-Таксӣ» бо ҳам вохӯрданд. Вохӯрии якрав бо ғалабаи бобулиҳо — 5:4 анҷом ёфт. Динамочиён дар вохӯрӣ барои гирифтани ҷои сеюм дастаи Абдуллоро бо ҳисоби 7:5 мағлуб карданд.
Кумитаи тадорукоти ҷоми “Бабри барфӣ” беҳтарин бозингарони ин мусобиқаро муайян ва қадрдонӣ кард. Руслан Тиллоев («Рахш-Таксӣ») беҳтарин бозингари финал дониста шуд. Голзани беҳтарини мусобиқа Ибод Назиров («Рахш-таксӣ») гардид. Ҷоизаи беҳтарини мусобиқа насиби Алишер Улмасов (“Вавилон”) гардид.
Фонди ҷоизаи мусобиқа 12 ҳазор сомониро ташкил дод. Ғолиб ба ҷуз Ҷом 7 ҳазор сомонӣ, ғолиби ниҳоӣ 3 ҳазор сомонӣ ва барандаи медали биринҷӣ 2 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ гирифтанд.