Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 16 ноябр - Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар маҷлиси тантанавӣ доир гардид.
Сардори сарраёсат Ҳакимзода А.Қ. бо суханони ифтитоҳӣ маҷлисро ҳусни оғоз бахшида, мақсади аз рӯзи ид муайян гардидани рӯзи 16 ноябр, аз саҳифаи таърих дар иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунӣ ва ба вазифа шурӯъ кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдоварӣ намуд. Бо иқдому ташаббусҳои созанда ва азму иродаи қавӣ ва устуворонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурии соҳибистиқло-ламон сулҳу ваҳдат, оромиву субот, сарҷамъии миллат, расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат, қабули қонунҳои миллӣ таъмин гардид.
Дар навбати худ раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бобати нақш ва нуфузи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ, бузургтарин дастоварди Сарвари маҳбубамон, ки барқарор намудани сулҳ ва ваҳдати миллӣ мебошад, инчунин тадбирҳо ва ғамхориҳои пайваста баҳри рушду нумӯи кишвари азизамон ибрози ақида намуд.
Дар интиҳои маҷлиси тантанавӣ барои хизматҳои шоён дар амалӣ гардонидани сиёсати созандагию бунёдкорона, саҳми арзанда ҷиҳати баланд бардоштани нуфуз ва мавқеи ҳизб дар ҷомеа ва иштироки фаъолона дар тарғибу ташвиқи ғояҳои ватанпарастӣ ва худшиносии миллӣ сардори сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд Ҳакимзода А. ва сармутахассиси сарраёсат бо сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд сарфароз гардонида шуданд.