Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 1006
    16.11.2021
    Бахшида ба Рӯзи Президенди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар...

    Аксияи «Тозагии маҳал» дар шаҳри Бохтар

    Бахшида ба Рӯзи Президенди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази шаҳри Бохтар бо ташаббуси шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳр дар якҷоягӣ бо кормандони идораи коммуналӣ, санаи 11 ноябри соли ҷорӣ дар кӯчаю маҳаллаҳои аҳолинишин, кӯчаҳои марказӣ ва гулгаштҳо аксияи “Тозагии маҳал” ва «Тозагии роҳ» гузаронида шуд.

    Дар аксияҳои мазкур 250 нафар сокинон иштирок намуда, ба тоза намудани замини гулу буттаҳо аз алафҳои бегона ва ҳаргуна ифлосиҳо машғул шуданд. Дар натиҷа дар ҳаҷми 4,1 м3 партовҳо ҷамъоварӣ карда шуда, ба партовгоҳи шаҳрӣ интиқол дода шуданд.

    Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳр тасмим гирифтааст, ки барои тозаю озода нигоҳ доштани муҳити зист ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ, дар оянда низ чунин чорабиниҳоро роҳандозӣ намояд.