Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 1038
    09.11.2021
    5-ноябри соли равон бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон...

    Таҷлили Рӯзи Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Фархор

    5-ноябри соли равон бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Фархор ҷамъомади тантанавӣ гузаронида шуд.

    Дар ҷамъомад мудири бахш Ҳаитов А. баромад намуда, ҳозиронро ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, оид ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 30-соли Истиқлолият ва моҳияти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуд.

    Тибқи нақша чорабинии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахши ҳифзи муҳити зист дар якҷоягӣ бо бахши ҷавонони ноҳия ба сарҳадбонони дидбонгоҳи №5 деҳаи Марғзор вохӯрӣ доир намуданд. Барои оростани дастархони идонаи сарҳадбонон аз тарафи Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии ноҳия ва бахшҳои болозикр маводи хӯрока аз қабили гушт, биринҷ, нон, равған, мевагиҳо ва обҳои ташнашикан ба ин дидбонгоҳ расонида шуд.