Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 1041
    09.11.2021
    Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти ВМКБ бахшида ба Рӯзи...

    Таҷлили Рӯзи Конститутсия дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон

    Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти ВМКБ бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори маҷлисии худ ҷамъомади тантанавӣ баргузор намуд, ки дар он тамоми кормандони сарраёсати мазкур иштирок намуданд.

    Ҷамъомадро сармутахассиси сарраёсат Сабзқадамова Ш. оғоз бахшида, кормандонро ба ин рӯзи таърихӣ табрику муборакбод намуд.

    Дар чорабинӣ муовини раиси Ҳизби халқи демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ Мавлобахшзода Райҳонбегим ва намояндагии ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ВМКБ Мастоншоева Фарзона иштирок намуда, дар хусуси меъёрҳои ҳуқуқии инсон, ки дар Конститутсия дарҷ гардидаанд, ба иштирокдорон маълумоти муфассал дода шуд.