Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист аз номи ҳайати Тоҷикистон дар Саммити иқлимии СММ изҳорот интишор намуд
10 ноябр дар доираи иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар COP26 (Конференсияи 26-уми ҷонибҳои Конвенсияи чорчӯбаи СММ оид ба тағирёбии иқлим) дар Глазгои Британияи Кабир раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон аз номи ҳайати ҷумҳурӣ изҳорот интишор намуд.
Дар изҳорот таваҷҷуҳи вазирону роҳбарони ҳайатҳои дар Саммит иштироккунандаро ба ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани соли 2025 «Соли ҳифзи пиряхҳо» ва муайян кардани санаи ҷашнгирии ҳамасолаи ин рӯз, инчунин таъсиси Хазинаи муҳофизати пиряхҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб намуд.
Раиси Кумита қайд намуд, ки ҳудуди 60 дарсади ҳаҷми умумии захираҳои оби минтақа дар Тоҷикистон ташаккул меёбад, ки он дар раванди рушди устувори кишварҳои Осиёи Марказӣ нақши бузург мебозад.
Раиси Кумита дар суханронии худ таъкид кард, ки сарфи назар аз ҳадди ақали партовҳои газҳои гулхонаӣ ба атмосфера, Тоҷикистон осебпазиртарин кишвар аз таъсири тағйирёбии иқлим ба ҳисоб меравад.
Инчунин қайд гардид, ки Тоҷикистон тибқи уҳдадориҳои худ дар доираи Созишномаи Париж ба Котиботи Конвенсия саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншудаи худро пешниҳод намуд, ки он бори дигар таваҷҷуҳи ҷиддии Ҳукумати кишварро ба масъалаи ҳифзи муҳити зист ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим нишон медиҳад.
Зимнан зикр гардид, ки Тоҷикистон омода аст минбаъд низ бо Созмони Милали Муттаҳид, кишварҳои шарик, донорҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ҷиҳати андешидани тадбирҳои зарурӣ дар самти мубориза бо тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои зиёновари он барои кишвар ҳамкории зич дошта бошад.