Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 1042
    09.11.2021
    Дар раёсати ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлоби вилояти...

    Дар раёсати ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинӣ баргузор гардид

    Дар раёсати ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинӣ баргузор гардид. Сардори раёсат Соҳибов Қ. кормандонро табрику таҳният намуда, қайд кард, ки 6 ноябри соли 1994 дар таърихи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеаи бузурги таърихӣ ба вуқуъ пайваст.

    Халқи тоҷик дар таърихи беш аз ҳазорсолаи давлатдориаш бори аввал Конститутсияи Ҷумҳурии соҳибистиқлоли худро бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул кард. Иштироки фаъолонаи сокинони кишвар дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ яке аз дастовардҳои бузург ва пирӯзии демократия дар Тоҷикистон мебошад.

    Дар чорабинӣ суханҳо дар бораи муҳиммияти қабули ин санади тақдирсоз ба миён омада, ҳифзи Конститутсия чун муқаддасоти умумимиллӣ талқин карда шуд.