Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 1009
    09.11.2021
    Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар асоси дастуру...

    Ҳашари умумишаҳрӣ дар шаҳри Ҳисор

    Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар асоси дастуру супоришҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи кории шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Ҳисор рӯзҳои 6 ва 8 ноябри соли ҷорӣ дар ҳудуди шаҳр ҳашари умумишаҳрӣ ташкил ва гузаронида шуд.

    Дар чорабинии гузаронидашуда тамоми кормандони касбу кори гуногун иштироки фаъол намуда, дар аввал назди биноҳои маъмуриро аз ҳаргуна партовҳо тоза намуда, заминҳои наздиҳавлигии биноҳои маъмуриро барои омодагиҳо ба марҳилаи навбатии кабудизоркунӣ нарм ва барои шинонидани навниҳолон омода намуданд.

    Инчунин дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳри Ҳисор сокинони маҳалӣ беш аз 150 нафар ба корҳои ободонӣ ва тозакориҳо баромаданд. Дар натиҷа аз ҷониби иштирокчиён 1,8 м3 партовҳо ҷамъоварӣ ва ба партовгоҳи расмии шаҳрӣ интиқол дода шуданд.

    Дар қисми поёнии чорабинии мазкур аз тарафи мутахассисони шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Ҳисор корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд. Инчунин шуъбаи мазкур тасмим гирифтааст, ки дар марҳилаи кабудизоркунии навбатӣ тамоми сокинони шаҳро ҷалб намояд.