Мулоқоти раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист бо сафири минтақавии Конфронси 26-уми тарафхҳо дар Аврупо, Осиёи Маразӣ, Туркия ва Эрон
9 ноябри соли равон дар доираи Конфронси 26-уми тарафҳо оид ба тағйирёбии иқлим дар шаҳри Глазгои Британияи Кабир раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Б. А. бо сафири минтақавии Конфронси 26-уми тарафҳо дар Аврупо, Осиёи Марказӣ, Туркия ва Эрон ҷаноби Девид Моран дар павилиони Осиёи Марказӣ мулоқот намуд.
Раиси Кумита Шерализода Б.А. бо ҷаноби сафир дар бораи ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон гардидани соли 2025 соли ҳифзи пиряхҳо маълумот дода, ҳамкориҳои дуҷонибаро дар раванди таъсиси Фонди байналмилалии пиряхҳо вусъат бахшидан пешниҳод намуд. Раиси Кумита, инчунин пешниҳод намуд, ки ҷиҳати амалигардонии харитаи роҳи саҳми миллии муайяншудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз фонди махсуси эълоннамудаи Британияи Кабир ҳамкориҳоро ба роҳ монанд.
Ҷаноби сафир Девид Моран ба ҷониби Тоҷикистон дар навбати аввал барои даъват барои боздид аз павилиони Осиёи Марказӣ изҳори сипос намуда, омодагии худро ҷиҳати вусъат бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба дар раванди мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва дастрасӣ ба фондҳои махсус изҳор намуд.
Мулоқот дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум сурат гирифта, оид ба ҳамаи масъалаҳои баррасишуда ҳамдигарфаҳмӣ ҳосил шуд.