Татбиқи Барномаи маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолӣ дар маркази таваҷҷуҳи иштирокчиёни семинари омӯзишӣ дар ш. Душанбе
Рӯзҳои 1-2 ноябри соли ҷорӣ дар меҳмонхонаи «Серена»-и шаҳри Душанбе бо иқдоми Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии молиявии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва бо иштироки мутахассисони Кумитаи ҳифзи муҳити зист, устодони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, омӯзгорони МТМУ-и ш. Душанбе, намояндагони Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе ва Маркази Орхус семинари омӯзишӣ таҳти унвони «Иттилоотонии роҳҳои татбиқи «Барномаи давлатии маҷмуии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» баргузор гардид.
Пас аз суханони ифтитоҳии дастандаркорон ба ҳозирин коршиносон Ойхон Шарипова, Сулҳия Содиқова дар мавзӯҳои “Моҳияти “Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” барои ҳалли масъалаҳои экологӣ”, “Мақсад ва вазифаҳои Барнома”, “Таҷрибаи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон оид ба маърифати экологӣ” ба таври рӯнамо баромад карданд. Тавре аз баромади коршиносони тоҷик бармеояд, дар ин барнома якчанд истилоҳот ва масъалаҳои нав, аз қабили тағйирёбии иқлим, рушди устувор, иқтисоди сабз, ҳолатҳои фавқкулода рӯи кор омаданд.
Пас аз шунидани маърӯзаҳо миёни иштирокчиёни семинар барои иҷрои бандҳои барнома табодули афкор ба вуҷуд омад. Бо мақсади дарки бештари мавзӯъ миёни иштирокчиёни семинар бозии гурӯҳӣ ташкил гардид. Дар рӯзи дуюми семинар намояндагон аз раёсати маорифи ш. Душанбе, Маркази Орхуси Душанбе, омӯзгорони донишкардаҳои олӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт назари худро вобаста ба паҳлуҳои гуногуни Барномаи мазкур иброз намуданд.
Иштирокдорон бар он назар буданд, ки бандҳои Барнома танҳо дар сурати ҳамкории зичи ташкилоту идораҳои давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва дар маҷмуъ ҷомеаи шаҳрвандӣ дар амал татбиқ хоҳад гашт.