Вохӯрии раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист бо директори Агентии Оғохон оид ба муҳити зист дар Глазго
Дар ҳошияи Конфронси 26-уми тарафҳои Конвенсияи СММ оид ба тағйирёбии иқлим, ки аз 1 то 12 ноябр дар шаҳри Глазгои Шотландия баргузор гардида истодааст, санаи 3 ноябр вохӯрии Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Б. А. бо директори Агентии Оғохон оид ба муҳити зист ҷаноби Ҳодӣ Ҳусайнӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкориҳои тарафҳо дар самти баргузории мониторинги пиряхҳо, мониторинги офатҳои табиӣ, баланд бардоштани малакаи кормандони Агентии обуҳавошиносӣ дар самти пешгӯии обу ҳаво, мониторинги пиряхҳо ва кӯлҳои пиряхӣ, инчунин дар самти ҳифзи ҳайвоноти нодир муҳокима гардиданд.
Аз ҷониби раиси Кумита пешниҳод гардид, ки ҳамкориҳо дар самти баргузории мунтазами мониторинги пиряхҳо бо истифодаи чархбол ва дрон, бо иштироки фаъоли Агентии Оғохон оид ба муҳити зист, тақвият додани ҳамкорӣ дар самти ҳифзи ҳайвоноти нодири ин минтақа, аз ҷумла бабри барфӣ, инчунин таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои грантӣ дар самти мутобиқшавӣ ва коҳиш додани таъсири манфии паёмадҳои тағйирёбии иқлим густариш дода шаванд.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба густариши ҳамкориҳо дар самти масъалаҳои муҳокимагардида ба мувофиқа расиданд.