Қадамҳои устувор дар роҳи ободонию сабзгардонӣ дар шаҳри Душанбе
Бо мақсади боз ҳам ободу зебо гардонидани кӯчаю хиёбон, гулгашт, ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо ва боғҳои фарҳангу фароғатӣ таи солҳои 2017-2020 дар асоси қарорҳои дахлдори Раиси шаҳри Душанбе дар ҳудуди ноҳияҳои пойтахт ба миқдори 600,5 ҳазор бех дарахту буттаҳо, 50 миллион дона гулҳои мавсимию бисёрсола шинонида шуда, дар масоҳати 1,5 миллион метри мураббаъ майдони майсазору чаманзор ташкил карда шуд.
Бо инобати афзоиш додани экосиситемаи муҳити пойтахт ва ҷиҳати зиёд намудани навъи дарахтони нодир ба миқдори 25 887 бех дарахтони ороишию сояафкан ва буттагӣ аз хориҷи кишвар ворид шуда, зери назорат ва дастури мутахассисони соҳа шинонида шуданд, ки имрӯзҳо хуб нашъунамо доранд.
Дар асоси фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби соҳибкорон ва мақомотҳои дахлдор дар ин давра 68 адад боғу гулгаштҳо бунёд ва азнавсозӣ карда шуд, ки аз ин 17 ададаш боғҳои фарҳангу фароғатии шаҳри Душанбе ба шумор меравад.
Дар ин замина, дар боғҳои фарҳангу фароғатии шаҳр 4 адад амфитеатрҳо барои 4596 ҷойи нишаст, аз ҷумла дар Боғи фарҳангу ,
Имрӯзҳо бо боварӣ метавон гуфт, ки гулгашту хиёбон, боғҳои фарҳангу фароғатӣ ба макони истироҳату тафреҳ ва гаштугузори оммавии меҳмонон ва сокинони пойтахт табдил ёфта, бо ҷомаи амал пӯшонидани пешниҳоди Раиси шаҳри Душанбе дар бораи ба шаҳри гулрез табдил додани пойтахт симои воқеии онро куллан дигаргун карда, ҳолати экологии Душанбе назаррабо мегардад.