Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 1014
    04.11.2021
    Дар ҳошияи Конфронси 26-уми тарафҳои Конвенсияи СММ оид ба...

    Чорабинии канории Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар 26-умин Конфронси тарафҳо

    Дар ҳошияи Конфронси 26-уми тарафҳои Конвенсияи СММ оид ба тағйирёбии иқлим, ки аз 1 то 12 ноябр дар шаҳри Глазгои Шотландия баргузор гардида истодааст, чорабинии канорӣ оид ба муаррифии саҳми тахминии дар сатҳи миллӣ муайянгардида (NDC) оид ба коҳиш додани ихроҷи газҳои гулхонагӣ дар Тоҷикистон дар таҳрири нав, ки моҳи октябри соли ҷорӣ аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии шарикони рушд таҳия ва ба Котиботи Конвенсияи мазкур пешниҳод гардида буд, баргузор гардид.

    Дар чорабинии мазкур намояндагони ташкилотҳои байналхалқии молиявӣ, аз ҷумла, Бонки Умумиҷаҳонӣ, Бонки Осиёгии Рушд, Фонди иқлими сабз, Фонди байналхалкӣ оид ба рушди кишоварзӣ (ИФАД), шарикони рушд, созмонҳои байналхалқӣ ва минтақавӣ, инчунин намояндагони мақомотҳои ҳифзи муҳити зисти давлатҳои Осиёи Марказӣ дар шакли ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.

    Чорабиниро бо суханони муқаддимавӣ раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист, бо иштироки директори барномаҳои Фонди иқлими Сабз ва директори барномаҳои Котиботи NDC ифтитоҳ намуд.

    Дар чорабинии мазкур саҳми тахминии дар сатҳи миллӣ муайянгардида (NDC), аз ҷониби намояндаи Кумитаи ҳифзи муҳити зист муарифӣ карда шуд. Инчунин оид ба мавзӯи мазкур аз ҷониби намояндагони Котиботи NDC ва Бонки Осиёгии Рушд рӯйнамоҳҳо пешниҳод карда шуданд.

    Ҳуҷҷати мазкур мавриди муҳокимаи иштирокчиён қарор гирифта, нисбати он баҳои баланд дода шуд.

    Инчунин аз ҷониби иштирокчиён вобаста ба амалӣ намудани ин ҳуҷҷат таклифу пешниҳодоти мушаххас ироа карда шуд.