Аксияи “Тозагии соҳил” дар шаҳри Турсунзода
Дар доираи тадбирҳо бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор" солҳои 2018-2028 ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода як қатор тадбирҳои экологӣ амалӣ гардида истодаанд.
Ҳафтаи равон бо иштироки кормандони шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Турсунзода, хонандагони МТМУ №12 ва ҷавонони фаъоли деҳаи Қаратоғ бо мақсади тоза намудани соҳили дарёи мазкур «Аксияи тозагии соҳил» доир гардид.
Дар ибтидо вобаста ба тоза нигоҳ доштани муҳити зист ва тарғиби баргузории тадбирҳои тозакорӣ ҷиҳати баланд бардоштани маърифати экологии сокинон аз ҷониби мутахассисони шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳр дар байни ҷавонон корҳои фаҳмондадиҳӣ сурат гирифт.
Сипас, дӯстдорони табиат аз соҳили дарёи Қаратоғ, ҳудуди деҳаи Қаратоғ партовҳои полиэтиленӣ ва дигар партовҳои истеъмолию пластикиро ҷамъоварӣ намуданд.
Баргузории чунин тадбирҳо омили тозагии соҳил ва тозагии об буда, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати экологии сокинон мусоидат менамояд.