Баргузории аксияҳои экологӣ дар шаҳри Ҳисор
Баҳри тозаву озода нигоҳ доштани ҳудудҳои шаҳр дар фасли хазонрез бо иқдоми шуъбаи ҳифзи муҳити зисти дар шаҳри Ҳисор бо иштироки намояндаи Раёсати назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин, канданиҳои фоиданоки маъмули умум ва муомилот бо партовҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи ободонии шаҳри Ҳисор дар ҳудуди шаҳри мазкур аксияҳои экологӣ гузаронида шуд.
Макони баргузории аксияҳои “Тозагии маҳал”, “Тозагии соҳил” ва “Тозагии роҳ” ҷамоатҳои деҳоти Сомон, Навобод, Мирзо Ризо ва шаҳраки Ҳисор буда, дар он 700 нафар кормандони касбу кори гуногун, сокинони маҳалҳо ва кормандони соҳаи ҳифзи муҳити зист иштирок намуданд. Аз ҷониби иштирокчиён шаффати шоҳроҳи Душанбе-Ҳисор–Турсунзода, кӯчаю роҳравҳо, минтақаҳои аҳолинишин, инчунин назди биноҳои маъмурӣ ва ҷӯйҳои обгузар аз ҳаргуна партовҳо тоза карда шуд.
Дар натиҷа 20 м3 партовҳо ҷамъоварӣ гардида, бо истифода аз ду адад техникаи боркаш ба партовгоҳи расмии шаҳр интиқол дода шуд.