Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 1007
    01.11.2021
    Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд, тибқи нақшаи...

    Аксияи “Тозагии маҳал” дар Хуҷанд

    Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд, тибқи нақшаи чорабиниҳо оид ба баргузарии аксияи “Тозагии маҳал” ҷиҳати таъмини иҷрои барқияи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори раиси вилояти Суғд аз 14 марти соли 2018, №89 “Дар бораи эълон намудани 1300 рӯзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз санаи 28.01.2019, № 4 дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд санаи 30.10.2021 дар ҳудуди шаҳри мазкур аксияи “Тозагии маҳал” гузаронида шуд.            

    Дар рафти аксияи истиқоматкунандагони маҳаллаҳои “Сирдарё” ва “Сайҳун”, муассисаҳои таьсилоти миёнаи умумии №19, №14, №10,    №13 ва кормандони ташкилоту муассисҳои алоҳидаи маҳал иштирок намуда,  аз гардиши таваққуфгоҳи тролейбусҳо то бозори фурӯши хоҷагии деҳқонӣ, кӯчаи Р.Ҳожиев ва маҳаллаи 12 тоза карда шуд.

    Дар аксияи мазкур зиёда аз 420 нафар сокинон шаҳр иштирок намуда, 3500 мт ҷӯйбор ва 1320,0 м2, ҳудуди майдонҳо аз алафҳои бегона тоза гардида, дар натиҷа 5,8м3 партови ҳосилшуда ба партовгоҳи умумишаҳрӣ бароварда шуд.